4 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Туркманистон бо Пешвои миллии халқи Туркманистон, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбангули Бердимухамедов мулоқот анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дӯстии Тоҷикистон ва Туркманистонро баррасӣ намуда, ба таъмиқи шарикии стратегӣ ва рушди минбаъдаи ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории ду давлат таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуданд. Аз ҷумла, зарурати тақвияту тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву башарӣ мавриди таъкид қарор гирифт.
Ҳамзамон оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон дар доираи сохторҳои бисёрҷонибаи байналмилалӣ, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Бунёди байналмилалии наҷоти Арал ва дигар созмонҳо табодули назар анҷом ёфт. Дар зимн ҷиҳати идомаи ин раванд ва анъанаҳои неки дастгирии мутақобила аз ташаббусҳои байналмилалии ду давлат омодагӣ изҳор гардид.
Вохӯрӣ дар фазои гарму дӯстӣ ҷараён гирифт.