14 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо бунёдкорони ин иншооти азими кишвар мулоқот карданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки дар интихобот мардуми шарифи тоҷик бори дигар пуштибониву садоқати худро аз сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ояндаи ободу осудаи давлати соҳибистиқлол исбот карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсат ба мардуми сарбаланди тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ барои дастгирии сиёсати созандаи роҳбарони давлату Ҳукумати кишвар изҳори сипосу миннатдории самимӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи ба кор андохтани агрегатҳои якум ва дуюми неругоҳ, ки он қадар вақти тӯлонӣ нагузаштааст, ёдовар шуда, бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки тавассути ду агрегати он то имрӯз аллакай 1,7 миллиард киловатт — соат неруи барқ истеҳсол ва ба шабакаҳои энергетикии мамлакат интиқол дода шудааст.
Аз аввали корҳои барқарорсозии иншооти неругоҳ, яъне аз соли 2008 то ба ҳол 25 миллиарду 340 миллион сомонӣ маблағ равона гардидааст.
Танҳо соли 2020 барои сохтмони он аз ҳисоби буҷети давлат қариб се миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Таъкид гардид, ки айни ҳол дар сохтмон 12707 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ, аз ҷумла 1990 нафар кормандони Ширкати “Вибилд” дар ду вахта бо истифода аз 3824 мошину механизмҳо шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд.
Вобаста ба иҷрои корҳо дар қитъаҳои гуногуни иншоот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки нақби чорум бояд дар муҳлатҳои муайянгардида ва бо сифати баланд ба истифода дода шавад, зеро истифодаи он ба баланд бардоштани сатҳи сарбанд ва обгирии обанбор дар нуқтаи 1100 метр имкон медиҳад, ки ин, дар навбати худ, сабаби афзоиши истеҳсоли қувваи барқ мегардад.
Барои тезонидани кор дар иншоот Президенти мамлакат таваҷҷуҳи ширкатҳои пудратиро ба тезонидани корҳо ва таъмини босифати он ҷалб карданд.
Ширкати “Вибилд”, ки тибқи шартнома бунёди сарбандро ба уҳда гирифтааст, вазифадор гардид, ки иҷрои корҳоро то сатҳи 1110 метр дар муҳлати муайянгардида таъмин намуда, ба масъалаи устувории сарбанд ва пешгирӣ намудани пуршавии обанбор аз обовардҳо аҳамияти аввалиндараҷа диҳад.
Барои пешрафти корҳо дар иншоот зарур шумурда шуд, ки шумораи мошину механизмҳо дар сохтмони сарбанд бояд бамаротиб зиёд карда, ҳаҷми рехтану шибба кардани сангу шағал ва масолеҳи дигар ба сарбанд афзоиш дода шавад.
Яъне бо ин роҳ кори бунёди неругоҳ боз ҳам суръат бахшида шуда, бояд муҳлати пурра ба кор андохтани агрегатҳои боқимондаи он ҳарчи камтар карда шавад.
Таъкид гардид, ки коргарон бояд ба эътимоднокии корҳои сохтмон ва истифодаи масолеҳу таҷҳизоти босифати ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Кормандони назорати техникии НБО “Роғун” вазифадор шуданд, ки якҷо бо мутахассисони Хадамоти давлатии назорати меъморӣ ва сохтмони назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ масъалаи мазкурро бо реҷаи шабонарӯзӣ таҳти назорат қарор диҳанд.
Баъди таҳлили пурраи ҷараёни корҳо дар иншооти муҳими кишвар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарони неругоҳ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари кулли Ширкати «Вибилд» Петро Салинӣ оид ба иҷрои корҳо дар сарбанди неругоҳ андешаронӣ кард.
Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми сохтмончиёни неругоҳ, аз ҷумла ба ҳамаи онҳое, ки бо фаъолияти созандаи худ кори бунёди иншооти тақдирсози миллат ва ба кор андохтани агрегатҳои минбаъдаи онро вусъат бахшида истодаанд, аз номи мардуми Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуданд.
АМИТ «Ховар»