Ифтитоҳи Коллеҷи тиббӣ дар ноҳияи Данғара

Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Коллеҷи тиббиро мавриди истифода қарор доданд.

Коллеҷи тиббӣ аз ду бинои панҷошёнаи хуштарҳу замонавии таълимӣ иборат буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 1510 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст.

Президенти мамлакат зимни боздид ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити  таҳсил дар Коллеҷи тиббӣ баҳои баланд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои Коллеҷи тиббӣ соли 2015 оғоз шуда, фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи   иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бинои асосии Коллеҷи тиббӣ аз 42 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла синфхонаҳои морфология ва физиологияи одам, биологияи тиббӣ ва химия, забонҳо, ҷомеашиносӣ, компютерӣ ва корию техникӣ иборат буда, бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти таълимӣ муҷаҳҳаз карда  шудааст.

Дар бинои дуюми Коллеҷи тиббӣ 31 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои физика, информатика, фармология, ҷарроҳӣ ва 38 ҳуҷраи корӣ мавҷуд мебошанд, ки ҷараёни таҳсил дар онҳо тибқи стандартҳои байналмилалӣ сурат мегирад.

Коллеҷи тиббӣ ҳамчунин дорои китобхонаи электронӣ барои 70 ҷой, толори хониш бо фарогирии 60 нафар донишҷӯй ва дар ошёнаи якум маҷлисгоҳ бо 300 ҷойи нишаст  мебошад.

Толори варзишии Коллеҷи тиббӣ бо 240 ҷой нишаст дорои шароити арзандаи машқу тамрин буда, ошхона барои зиёда аз 200 ҷои нишаст дар хизмати донишҷӯён қарор дорад.

Барои донишҷӯён дар синфхонаҳои Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара    имкониятҳои фарохи донишандӯзӣ муҳайё буда, онҳо бо истифода аз шароити арзандаи таълимӣ ба ҳайси мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ ба камол хоҳанд расид.

Донишҷӯён бо дарки масъулияти баланд аз ғамхорию таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фароҳам сохтани шароити хуби таҳсил бо ифтихору сарфарозӣ изҳори хушнудӣ карданд.

Дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара баробари мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои нави таълимӣ имкониятҳо барои ҷалби донишҷӯён ба таҳсил торафт васеъ мегарданд.

Аснои шиносоӣ бо шароити таҳсил дар Коллеҷи тиббӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯён суҳбати озоду самимӣ намуданд ва онҳоро ба омӯзиши ҳарчи бештари донишҳои замони муосир ва технологияи замонавӣ ҳидоят карданд.