Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Аз хабари таркиши фоҷиабор дар истгоҳи метрои шаҳри Санкт-Петербург, ки бар асари он шаҳрвандони бегуноҳ талаф ёфтанд, сахт андӯҳгин гардидам.

Бо эҳсоси андӯҳ мо ин амали мудҳишро маҳкум намуда, ҳамоҳангии кӯшишҳои худро барои аз байн бурдани хатари даҳшатбори аср — терроризм таъкид менамоем.

Аз Шумо муҳтарам Владимир Владимирович хоҳишмандам, ки ҳамдардии амиқи моро ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон расонед.

Ба зарардидагони ин фоҷиаи мудҳиш шифои комил орзумандем».

www.president.tj