ТВТ.21.06.2022. Интизор меравад, ки солҳои 2022 ва 2023 захираи ғалла дар ҷаҳон коҳиш ёфта, нархи сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ афзоиш ёбад. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон, ки 18 июн дар ноҳияи Данғара баргузор шуд, ҳушдор доданд. Дар машварат ҳамчунин аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат доштанд.
Ба таъкиди Сарвари давлат, буҳронҳои сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии бесобиқаи нархи маҳсулоти ғизоӣ ва кам гардидани истеҳсоли онҳо дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷомеаи башариро ба таври ҷиддӣ нигарон кардаанд. Мувофиқи арзёбии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО), истеҳсоли ғалла дар ҷаҳон имсол дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 16 миллион тонна коҳиш меёбад ва бар асоси гузориши СММ, шумораи сокинони сайёра, ки ба норасоии маҳсулоти озуқа дучор шудаанд, 193 миллион нафарро ташкил додааст..
Пешвои миллат ҳушдор доданд, ки ҳолати мураккаби ҷаҳон ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии тамоми кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон низ таъсир расонад, оқибатҳои ин давраи ниҳоят ҳассос пешгӯинашаванда ва дарозмуҳлат мебошанд
«Такроран менамоям, ки соли ҷорӣ ва соли оянда барои аҳли башар аз ҳар ҷиҳат ва пеш аз ҳама, аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ солҳои бисёр вазнин ва душвортарин дар таърихи инсоният мегарданд», — таъкид намуданд Эмомалӣ Раҳмон.
Аз ин рӯ, Президенти мамлакат ба роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки оид ба пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
«Масъулони шаҳру ноҳияҳои вилоятро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини бозори истеъмолии дохилӣ бо молҳои мавриди ниёзи мардум, фароҳам овардани захираи кофӣ барои онҳо ва пешгирӣ аз болоравии беасоси нархҳо чораҳо андешанд», — гуфтанд Сарвари давлат.
Президенти мамлакат аз аҳолии кишвар даъват ба амал оварданд, ки ба истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд. Дар робита ба ин, Сарвари давлат ба вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки усулҳои мавҷудаи зиёд кардани муҳлати нигоҳдории маҳсулотро таҳлил ва арзёбӣ намуда, технологияи нигоҳдории маҳсулоти ғизоиро дар шароити хона таҳия ва муаррифӣ намоянд.
Манбаъ: АМИТ "Ховар"