15 январи соли 2018 дар шаҳри Москва Намоишгоҳи байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ бо номи «Бозори шарқ» оғоз гардид, ки дар он ширкатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо пешниҳоди намунаҳои гуногуни маҳсулот иштирок доранд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рӯзи аввали намоишгоҳ намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия иштирок карда, ҷиҳати дастгирии ширкатҳои ватанӣ иқдом намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ширкати “Etnos Borld” бо навъҳои гуногуни ашъёи баландсифати сангину кордҳои нодир ва бренди “Buta”-и Нигора Насимова бо зиёда аз 20 номгӯи маҳсулоти рӯзгор аз атласу адрас, инчунин мағозаи “туҳфаҳои аҷоиб”-и шаҳри Душанбе, дар ҳамоиши байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд.
Намоишгоҳи мазкур муддати як ҳафта ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Москва имконият медиҳад, то онҳо бо ҳунарҳои мардумии кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистони куҳантаърих аз наздик ошно гардида, ҳамзамон молу маҳсулоти писандиадашонро харидорӣ намоянд.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир ҷиҳати рушду равнақ ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ аҳамияти махсус медиҳад. Маҳз таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд. Иштироки ҳунармандони тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Москваро низ дар ин самт яке аз иқдомҳои зарурӣ ва саривақтӣ метавон арзёбӣ кард.
АМИТ "Ховар"