Бо мақсади шарҳ додани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии шаҳри Хуҷанд дар Коллеҷи тиббии шахр мулоқоти намояндагони сохторҳои илму дин ва сокинони маҳаллаи «Сари баландӣ» бо намояндагони ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар вохӯрӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ- Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадулло Ватанзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, директори маркази зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон Файзалӣ Ҳакимов ва устоди Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гуландом Абилова иштирок доштанд.
Маҳмадулло Ватанзода оид ба дастовардҳои 25 соли истиқлолияти давлатӣ, аз ҷумла, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёди роҳҳои нав ва истиқлолияти энергетикӣ иброз намуд, ки дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати аввалиндараҷа ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, алалхусус, мубориза бо коррупсия, терроризм ва эктремизм, нашъамандӣ ва сиёсати «дарҳои боз» дода шудааст.
Шариф Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд зикр намуд, ки Паёми имсолаи Сарвари давлат ба мақомоти олии қонунгузори мамлакат аз паёмҳои қаблӣ аз ҳар ҷиҳат тафовут дошт. Таҳлилу баррасиҳои амиқ ва зикри далелҳои мӯътамаду асосноки Президент оид ба пешрафту инкишофи муҳимтарин соҳаҳои зиндагии халқ зимни баёни Паём бори дигар умеду боварии моро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон қавитар мегардонанд.
АМИТ «Ховар»