Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ташкилоти байналмилалии ҳуқуқ ба рушд (IDLO) дар мавзӯи «Медиатсияи тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: воқеияти масъалаҳои ҳалталаб ва роҳҳои ҳалли он» ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид, мушовири калони ҳуқуқии Ташкилоти байналмилалии ҳуқуқ ба рушд (IDLO) дар Тоҷикистон Абдураззоқ Алимардонов, коршиноси байналмилалӣ Лилия Власова, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Власова, Михел ва шарикон» ва роҳбарону намояндагони 45 муассисаи давлатӣ ва корхонаҳои бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар соҳаи саноат ва савдо, волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат фаъолият доранд, иштирок карданд.
Раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ҳадафи асосии ҳамоишро кушодани мавзӯъ оид ба медиатсияи тиҷоратӣ, яъне то суд нарасонидани баҳсҳои тиҷоратӣ, воқеияти он барои давлат ва инчунин шиносонидани гурӯҳи корӣ оид ба пешбурди медиатсияи тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои манфиатдор бо маърӯзаи мутахассиси IDLO оид ба медиатсияи тиҷоратӣ донист.
Мушовири калони ҳуқуқии Ташкилоти байналмилалии ҳуқуқ ба рушд (IDLO) дар Тоҷикистон Абдураззоқ Алимардонов зикр намуд, ки мавзӯи медиатсия (оштикунонӣ) гарчи дар Тоҷикистон нав аст, вале ҷараёни оштикунонӣ ё миёнаравӣ миёни мардуми мо таърихан вуҷуд дошт ва имрӯз ҳам ҳаст. «Он мисолҳое, ки аз Амрико ва Аврупо оварда шуданд, дар ин давлатҳо дар сатҳи қонунӣ бароварда шудаанд. Дар қонунгузории имрӯзаи мо чунин имконият вуҷуд дорад ва он дар кодексҳо пешбинӣ шудааст, яъне судя дар аввал кӯшиш ба харҷ медиҳад, то тарафҳоро бо ҳам оштӣ диҳад. Агар онҳо байни худ музокира бурда, ба як хулосаи умумӣ биёянд ва оштӣ шаванд, ин хеле хуб аст»,-зикр намуд ӯ.
АМИТ "Ховар"