26 декарбри соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази ВНМО-и минтақа» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб доир ба расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Сарахон Абдуқаҳҳоров, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, директори Маркази зидди бемориҳои ВНМО дар минтақаи Кӯлоб Тоҳир Туманов, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ Сарахон Абдуқаҳҳоров иброз намуд, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ изҳор доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти худ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии мардумони минтақа бар пояи дӯстӣ ва ҳусни эътимод мебошад. Инчунин зикр карда шуд, ки Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум пайваста тадбир меандешад.
АМИТ "Ховар"