Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии  Индонезия Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари фоҷиавии суқути ҳавопаймо дар наздикии ҷазираи Яваи Ҷумҳурии Индонезия, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон гардид, моро хеле андуҳгин кард.

Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба тамоми мардуми дӯсти Индонезия аз Шумо, ҷаноби Президент, хоҳишмандам, ки ҳамдардии амиқи моро ба наздикону пайвандони фавтидагон бирасонед».

Tags: