Баҳси коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Душанбе бо ширкати намояндагони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ

Фардо сарварон ва намояндагони чор ҷумҳурии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе масъалаҳои коҳиши хатари офатҳои табииро ба баҳс хоҳанд кашид.
31-уми марти соли равон дар доираи татбиқи тавсияҳои «Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар солҳои 2015-2030” дар шаҳри Душанбе мулоқоти минтақавии сарварони идораҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Осиёи Марказӣ оид ба коҳиши хатари офоти табиӣ баргузор мешавад.
Дар кори конфронс роҳбарон ва намояндагони вазоратҳо ва идораҳои ваколатдор дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, намояндагони идораҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд.
Дар ҷараёни конфронс диққати асосӣ ба масъалаҳои ҳамакориҳои минтақавӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ равона мешавад.

www.khf.tj