Парлумони Тоҷикистон ба қонуни минтақаҳои озоди иқтисодӣ тағйирот ворид намуд

Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон 1 октябр ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» тағйиру иловаҳо ворид намуданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни ҷаласа иттилоъ медиҳад, масъалаи мазкурро  дар ҷаласаи якуми  иҷлосияи  панҷуми Маҷлиси намояндагон  Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода тавзеҳ доданд.

Зикр шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади фароҳам овардани заминаи воқеӣ ҷиҳати рушди устувори минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ва мутобиқати он ба муқаррароти Конвенсияи Киото (1973) дар бораи содагардонии механизми воридот ва содирот аз ҳудуд ва ба ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ таҳия шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ- «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» таъсис дода шудаанд.

АМИТ«Ховар»

Tags: