То соли 2021 дар вилояти Хатлон беш аз 940 иншооти тиббӣ бунёду навсозӣ мешаванд

То ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон бунёду навсозии 941 иншооти тиббӣ ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бунёди 532 иншооти соҳаи тандурустӣ ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, то имрӯз дар шаҳру навоҳии вилоят 27 беморхона, 55 маркази саломатӣ, 159 бунгоҳи тиббӣ, 142 нуқтаи хатнакунӣ, 14 таваллудхона ва 135 дорухона сохта ба истифода дода шуданд.

Айни ҳол дар вилоят сохтмони иншооти калонҳаҷми соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла бунёди бинои Маркази перинаталӣ дар шаҳри Бохтар, Беморхонаи бисёрсоҳавӣ бо 200 кати бистарикунонӣ ва Маркази саломатӣ бо 300 нафар қабули беморон дар ноҳияи Қубодиён, Беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара, Маркази табобатии бемориҳои қалб дар шаҳри Бохтар ва Беморхонаи рақамӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ идома дорад.

Ҳамзамон, дар вилоят сохтмони бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ дар сатҳи деҳот вусъати тоза касб намуда истодаанд.

Баҳри хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии вилояти Хатлон феълан 115 адад муассисаҳои сохтори госпиталӣ ва 41 адад муассисаҳои амбулаторию госпиталӣ фаъолият доранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: