Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон рӯзҳои наздик ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» илова ворид менамоянд. Тибқи он таҷҳизоти зарурии барои татбиқи лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» воридшаванда аз андоз аз арзиши иловашуда, боҷ ва пардохтҳои гумрукӣ озод карда мешаванд.
Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки имрӯз дар ҳузури Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, баррасӣ шуд. Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба молия ва иқтисод зимни тавзеҳи масъала гуфт, ки илова бо лоиҳаи қонун бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ба низом даровардани пардохти роҳкиро, аз байн бурдани гуногунфаҳмиҳо ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ намудани симои пойтахти кишвар ворид карда мешавад.
Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамзамон «Нақшаи ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»-ро баррасӣ намуданд.
АМИТ "Ховар"