Дар Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон бо иштироки кормандон ва меҳмонон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
«Парчами миллӣ рамзи муқаддаси давлатдорӣ, нангу номус, нишони ифтихор аз Ватан ва содиқ будан ба сарзамину истиқлолияти худ аст. Он барои таҳкими худшиносии миллӣ, ваҳдату истиқлолият ва якпорчагии Тоҷикистони азиз нақши муассир мегузорад. Мо бояд дар назди Парчами миллӣ ватандӯстона эҳтиром зоҳир бикунем, ҳамеша, дар ҳама ҷо, дар ҳар маврид онро пос дорем ва барои ҳимояи он омода бошем».,-иброз дошт роҳбари марказ дар вилояти Хатлон Диловар Пирназарзода зимни табрики кормандон бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Меҳмонон ва иштирокдорон дар бораи нақши Парчам дар таърихи давлатдории тоҷикон, заминаҳои ҳуқуқии истифодаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмили минбаъдаи он сухан гуфта, оид ба таърихи парчамдории тоҷикон ҳамчун рамзи давлатӣ, аҳамият ва моҳияти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ оид ба тарзҳои истифодаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро иброз доштанд.
Зикр гардид, ки имрӯз воқеан мардуми мо ба як рукни муқаддаси миллии худ — Парчами давлатии Тоҷикистон эътиқоду эҳтироми хоса доранд ва ба он арҷ мегузоранд.
АМИТ «Ховар»