Санаи маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳои футболи тоҷик маълум гардид

23 декабр  маросими тақдими ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон  ба беҳтаринҳои мавсими соли 2017  дар маҷмааи фарҳангии «Кохи Наврӯз»-и шаҳри  Душанбе баргузор мешавад. Дар ин бора сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон Фаридун Солиев ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» хабар  дод.

Зикр шуд, ки дар ин маросим ғолибон аз рӯи беш аз 20 номгӯ (номинатсия)–беҳтарин футболбоз, мураббӣ, довар ва дигар номзадҳои мавсими 2017 бо ҷоизаҳо сарфароз мешаванд.

Ҳоло соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин нишонзан» маълум аст. Вай ҳамлагари дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Дилшод Восиев мебошад, ки имсол дар бозиҳои чемпионати  Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ аз ҳама бештар-16 гол задааст.

Сараввал ба ширкаткунандагони маросим навори видеоӣ дар бораи натиҷаи  мавсими имсола пешкаш мегардад. Зимнан бояд гуфт, ки ФФТ имсол корҳои зиёдеро дар бобати рушди минбаъдаи футбол дар кишвар иҷро кард. Ба такмили ташкили кори футболи кӯдакону наврасон, тарғибу ташвиқ ва маъруфияти футбол дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, инчунин ба омодагӣ ва ширкати муваффақонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Дар ҷумҳурии мо панҷ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол миёни наврасону ҷавонон ва бонувон доир гардид.

Имсол дастаҳои мунтахаби наврасони 16-сола ва ҷавонони 19-солаи Тоҷикистон ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2018 мушарраф шуданд. Инчунин дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ба қисми финалии чемпионати Осиё-2018 роҳхат гирифт. Дар доираи мусобиқоти интихобии чемпионати Осиё-2019 ва Ҷоми  Конфедератсияи футболи Осиё-2017 имсол дар варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор бозиҳо бо ширкати дастаҳои миллӣ ва бошгоҳҳои футбол аз кишварҳои мухталифи қора баргузор шуданд. Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе- чемпиони Тоҷикистон дар Ҷоми AFC ба бозии финалӣ роҳ ёфт.

АМИТ "Ховар"