Миёни беморхонаҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон маркази онлайнӣ ташкил мешавад. Ин масъала зимни мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва Сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гош мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар мулоқот инчунин намояндагони сафорати мазкур ширкат намуданд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бунёди маркази онлайнӣ байни беморхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳиндустон имкон фароҳам меоварад, ки ҷонибҳо ҳангоми гузаронидани амалиёти тиббӣ аз таҷрибаи якдигар истифода намуда, машваратҳои судманд низ доир намоянд.
Ҳамзамон дар мулоқот ҷонибҳо масоили густариши ҳамкории судманд дар заминаи ташкили маркази саноатӣ, ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифтани хизматчиёни давлатӣ, кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва кишоварзиро баррасӣ карданд.
АМИТ "Ховар"