ТВТ.08.08.2022. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон ба ташкил ва баргузории 18 намоишгоҳи дохилӣ ва хориҷӣ мусоидат намуда, иштироки аъзои худ ва соҳибкорони ватаниро дар кори онҳо таъмин намуд. Дар ин бора дирӯз, 5 август зимни нишасти матбуотӣ Раиси Палатаи мазкур Ҷамшед Ҷумъахонзода иттилоъ дод.
Ба зикри Ҷамшед Ҷумъахонзода, Палатаи савдо ва саноат иштироки аъзои худ ва соҳибкорони ватаниро дар Намоишгоҳи ҷаҳонии “Экспо 2020” дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб (аз 1 октябри соли 2021 то 31 марти соли 2022), дар Намоишгоҳи 15-уми байналмилалии саноати пластикии «Iran Plast» дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар Намоишгоҳи 29-уми байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо –“ ПродЭкспо – 2022” дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия, дар Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул-2022 дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия, дар Намоишгоҳи 18–уми байналмилалии соҳаи кишоварзӣ “Konya Agriculture-2022” дар шаҳри Қунияи Туркия, дар Намоишгоҳи 21-уми байналмилалии «UzFood-2022» дар Ҷумҳурии Узбекистон, дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии “Иннопром Центральная Азия”, дар Намоишгоҳи 4-уми байналмилалии саноати бофандагӣ ва мӯди Узбекистон – “UzTextile Expo Весна 2022» дар шаҳри Тошканд ва дар Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд-2022” (17-18 июни соли 2022) ва ғайра таъмин намудааст.
Палатаи марказӣ ва палатаҳои минтақавӣ бо мақсади густариш додани ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва танзими ҳуқуқии ҳамкории байнипалатавӣ бо палатаҳои савдо ва саноати Ҷумҳурии Арабии Миср, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва ғайра 11 санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ фаъолият мекунад, ки мақсад аз ташкили он ба соҳибкорон фаҳмонидани асосҳои ҳуқуқии фаъолият, баланд бардоштани иқтидори Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқии босифат мебошад.
Ба иттилои Раиси Палата, дар давлатҳои хориҷии дуру наздик намояндаҳои Палата ба 11 нафар расонида шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 нафар зиёд мебошанд. Ин намояндаҳо ба рушди робитаҳои мутақобилаи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни ин давлатҳо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
Тавре Ҷамшед Ҷумъахонзода зикр намуд, ба узвияти Палата корхонаю ташкилоти нав ҷалб карда шуда, шумораи умумии аъзои он дар ин давра ба 887 адад расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38 адад зиёд мебошад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»