Аз 24 то 26 октябр дар шаҳри Абу-Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб Мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam-2019» оид ба дзюдо баргузор мешавад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин мусобиқи ҷаҳонӣ ширкати 603 паҳлавон, аз ҷумла 351 мард ва 252 зан аз 104 кишвари сайёра дар назар аст. Дар мусобиқаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро 11 варзишгар — даҳ писар ва як духтар аз рӯйи гӯштини дзюдо намояндагӣ мекунанд:
- Муҳаммад Маҳмадизода -60 кг
- Меҳрзод Суфиев -60 кг
- Ёқубҷон Боқиев -66 кг
- Беҳрӯз Хоҷазода -73 кг
- Акмал Муродов -81 кг
- Ҳақназар Назаров -81кг
- Комроншоҳи Устопириён -90 кг
- Саидҷалол Саидов -100 кг
- Шакармамад Мирмамадов +100 кг
- Темур Раҳимов +100 кг
- Шоҳида Қаландарова -63 кг
АМИТ «Ховар»