Баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон як иқдоми хирадмандона ва пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати мардум, ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ, бедор намудани ҳисси худогоҳию хештаншиносӣ дар вуҷуди онҳо, дарёфти истеъдодҳои тоза нақши бориз мегузорад.
Тавассути иштироки фаъолона дар ин озмуни адабӣ - фарҳангӣ бисёр ҳаводорони сухани нобу каломи бадеъ, адибону нависандагони ҷавон, наврасону ҷавонон бо маҳорату ҳунари хуб бори дигар ишора ба он карданд, ки воқеан тахтапушти мо тоҷикон китоб аст. Ва дар тамоми давраҳо маҳз китобдорию китобхонӣ аз суннатҳои аҷдодии мо будааст.
Дар таърихи 24 майи соли 2021 дар китобхонаи Телевизиони Тоҷикистон бо ширкати аҳли эҷоду ҳунари шабака озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” барпо гардид.
Нахуст Раиси ҳакамон Назираи Сарфароз – муовини Директори «Телевизиони Тоҷикистон» бо аъзоён: Шавкат Муҳаммадиев, Хўҷаназари Аминиён, Шарифзода Пўлод ва Зоир Эшонов семинари машваратӣ доир намуда, аз шумораи довталабон ва интихоби номинаҳояшон иттилоъ дод. Гуфта шуд, ки иштирокчиёни озмун мувофиқ ба дастури таълимии Саломиён Муҳаммаддовуд - Роҳнамои озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” рўйхати адабиёт тартиб дода, бо дискҳои махсусгардонидашудаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва намунаи пешниҳодоти иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии озмун таъмин гардидаанд.
Сипас, Н.Сарфароз бобати афзалияти ин тадбири фарҳангӣ-зеҳнӣ ва шавқмандии рўзафзуни иштирокдорон дар озмун сухан карда, ташкилу баргузории онро махсусан дар “Телевизиони Тоҷикистон” муҳимтарин тасмим, накўтарин таърих ва беҳтарин шараф маънидод намуд.
Иштирокчиёни озмун аз рӯи чор номинатсия: адабиёти классикӣ, адабиёти ҷаҳон, адабиёти муосир ва эҷоди назму наср бо донишу маҳорати хуб як сабқати ҷолибу маҳфили адабӣ – фарҳангӣ доштанд.
Ҳайати ҳакамон ба ҳунару дониш, ҳозирҷавобию эҷоди иштирокчиёни озмун - Сафаралӣ Нозимов, Бахтовари Ҷамшед, Юсуф Ғанизода, Кўҳзоди Фатҳулло, Тоҳири Асрориён, Муҳаммадҷон Раҷабов ва Фирдавс Холов бо натиҷагирии мўшикофона баҳогузорӣ намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки баргузории чунин як озмуни мақбули ҳаводорони сухан, дар ҳузури аҳли қалами Телевизиони Тоҷикистон хеле хотирмону диданӣ сурат гирифт ва ҳамаи иштирокчиён ба даври навбатии озмун, ки дар Кумитаи Телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, роҳхат гирифтанд.