ДУШАНБЕ, 05.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 то 9 сентябр бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат чорабиниҳои оммавию сиёсӣ, намоишномаҳои театрӣ ва барномаҳои пурмуҳтавои консертӣ баргузор карда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар дар Вазорати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар барномаҳои омоданамудаи санъаткорон беҳтарин таронаҳо дар васфи Ватан, Истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва дигар арзишҳои миллӣ замзама мегарданд.
Инчунин дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ва кӯчаву марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат шиору овезаҳо бо навиштаҷоту шеърҳо дар васфи Ватан ва Истиқлолият насб мегарданд. Ҳамзамон гузаргоҳҳо ва мавзеъҳои беҳтарини пойтахт бо Парчами давлатӣ оро дода шудаанд, ки шаҳри Душанберо боз ҳам зебою диққатҷалбкунанда менамоянд.
Омодагӣ ба ифтихори ин санаи бузурги таърихӣ бо фарогирии тамоми гурӯҳҳои ҷомеа, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бо тарғиби арзишҳои истиқлолият, намоиши васеи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аз ободонии ҳар хонадон, ороставу зебо намудани кӯчаву хиёбон, деҳа, ноҳия ва шаҳр оғоз мегардад.
Ҳамчунин баргузории роҳпаймоӣ, ҳамоиш, конфронс, суҳбату вохӯриҳо, маҳфилҳо ва барномаҳои бадеӣ-фарҳангӣ дар мавзуи «Сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг», «Истиқлолият», «Тоҷи шарафу нишони мо, Истиқлол» ва дигар мавзуъҳо баргузор мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки 9 сентябри соли 1991 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии мамлакатро эълон намуд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ онро ба расмият шинохт. Ин рӯз барои тоҷикон таърихӣ ва фаромӯшнопазир мебошад. Аз ин рӯ ҳамасола ин рӯз ва ин ҷашни муқаддас дар саросари мамлакат бо руҳияи баланди идонаи фарогири эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҳувиятсозӣ ба таври тантанавӣ таҷлил мегардад.