Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани эҳтиёҷмандон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 30 ҳазору 492 гектар замин ҷудо карда шудааст. Аз ин майдони умумӣ то 1 июни соли равон 22 ҳазору 917 гектар ба 224 ҳазору 625 нафар эҳтиёҷмандон дода шуд.
Ба гуфтаи Ориф Хоҷазода, «дар ҳолати аз тарафи шаҳрванд дар тӯли 3 сол оғоз накардани сохтмон бояд қарордод бекор карда шавад. Вале, пеш аз ҳама, бояд мутахассисон сабабҳои ба сохтмон оғоз накардани шаҳрвандонро омӯхта, сипас хулосаҳои худро бароранд ва таклифу пешниҳодҳои худро ба онҳо расонанд. Имрӯз бояд мо барои инфрасохтор шароит муҳайё созем, то шаҳрвандон дар минтақаи тақсимшуда сохтмон кунанд. Зеро имрӯз ҳолатҳое мешаванд, ки шаҳрванд имконияти сохтмон кардан надорад ва ё ин ки инфрасохтор мавҷуд нест».
Ҳамчунин номбурда дар мавриди он ки ба сокинони шаҳри Душанбе замини наздиҳавлигӣ ҷудо мегардад ё не, зикр намуд, ки тамоми сохтмонҳо дар асоси нақшаи кулли шаҳри Душанбе ба роҳ монда мешаванд. Кумита дигар дар ҳудуди шаҳр заминҳои наздиҳавлигӣ пешбинӣ накарда, танҳо барои бо манзили зист таъмин намудани шаҳрвандон дар биноҳои баландошёна корбарӣ менамояд.
АМИТ «Ховар»