Олимони гиёҳшиноси Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳо /ИБФГР/ бо мақсади омӯхтани набототи шифоӣ ба минтақаҳои гуногуни кӯҳии мамлакат ба сафари илмӣ баромаданд.
Тавре мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи растании ИБФГР Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ ПАРТОЕВ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иброз намуд, дар доираи сафар гурӯҳи олимон оид ба ҷаъоварӣ намудани тухмӣ ва миқдори биологии растаниҳои табобатӣ, инчунин муайян намудани моддаҳои фаъоли таркиби растаниҳои эндемикӣ-шифоие, ки дар баландиҳои 1500-3000 м аз сатҳи баҳр мерӯянд, бо истифодаи усулҳои инноватсионии омӯзиш таркиби биохимиявии онҳо таҳқиқоти илмӣ мебаранд.
«Хушбахтона, табиати Тоҷикистон аз захираҳои гуногуни биологии набототи шифобахш хело бой аст ва дар оянда имконияти васеи тақвиятбахшии фармокологияи ватаниро дорад. Ҳоло зарур аст, ки ин захираҳои генетикии растаниҳои табобатӣ боз ҳам амиқтар омӯхта шуда, баҳри афзун намудани онҳо, таъсис додани қитъаҳои афзоишдиҳӣ ва майдонҳои омӯзишӣ дар минтақаҳои гуногуни кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ ташкил карда шаванд. Инчунин хатари аз байни рафтани онҳо пешгирӣ карда шавад. Албатта, дар ин кор ҳамкории олимону аҳолии маҳал ва мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо хело зарур аст»,-хулоса кард доктори илмҳои кишоварзӣ.
АМИТ «Ховар»