Бахшида ба ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бошандагони Муассисаи давлатии «Хона-интернати бемориҳои рӯҳии ноҳияи Восеъ» кумак расониданд.
Кумитаи андоз сарпарастии Муассисаи давлатии «Хона-интернати бемориҳои рӯҳии ноҳияи Восеъ»-ро ба уҳда дошта, роҳбарияти он дар арафаи ҳар ҷашн ба ин муассиса пайваста ёрӣ мерасонад. Онҳо ин навбат барои бошандагони муассисаи мазкур дастурхони идона кушода, ба онҳо либосу дигар ашёи зарурӣ тақдим карданд.
Тавре корманди Кумитаи андоз Акбар Ҳалимхонов иттилоъ дод, «мо ҳамасола ба Муассисаи давлатии «Хона- интернати бемориҳои рӯҳии ноҳияи Восеъ» кумак расонида, аз аҳволи бошандагони он хабардор мешавем. Дар оянда низ тасмим гирифтаем, ки онҳоро бо либос ва маводи хӯрокӣ таъмин намоем, чунки онҳо ба кумак бештар ниёз доранд».
Дар муассисаи мазкур 240 нафар беморон табобат мегиранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳтар намудани шароити буду бош ва саломатии онҳо пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Айни замон биноҳои муассиса таъмир карда шуда, бо рахти хобу дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
АМИТ «Ховар»