Олимони ҷавони ИДМ дар Душанбе вазъи гуногунии табииро баррасӣ карданд

Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Шӯрои олимони ҷавони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимони ҷавон аз муассисаҳои илмӣ-таълимии мамлакат ва меҳмонон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил семинари байналмилалии «Гуногунии табиӣ дар пойгоҳи кӯҳӣ -ботаникии Кондара» баргузор намуданд.
Семинарро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ оғоз карда, нақши ҷавононро дар рушди илми муосир муҳим арзёбӣ намуд.
Дар семинар донишмандони тоҷик ва олимони ҷавон аз кишварҳои Арманистон, Беларус, Россия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Молдова оид ба масъалаҳои гуногунии табиат, паҳлӯҳои мухталифи вазъи гуногунии табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон ибрози назар намуданд.

АМИТ "Ховар"

Tags: