Дар оянда воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои табобатӣ ва марказҳои сайёҳӣ дар кишвар аз пардохтҳои гумрукӣ озод карда мешаванд. Дар ин росто дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки 17 апрел таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, хабар дода шуд.
Шариф Раҳимзода, раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия масъалаи мазкурро шарҳ дода, гуфт, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки кишвар бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти Кодекси мазкур бо ислоҳоти ба қонунгузорӣ дар қисмати таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ воридгардида ва аз пардохтҳои гумрукӣ озод кардани воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ сурат гирифтааст.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия», «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардиданд.
АМИТ "Ховар"