Мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар мавзуъи Афғонистон

Баъди анҷоми кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар толори Зарандуди Кохи Наврӯз дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД ва СҲШ мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар мавзуъи Афғонистон баргузор гардид.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад карда, таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳониро ба зарурати ҳалли қазияи Афғонистон ҷалб намуданд.

Дар мулоқот оид ба қазияи Афғонистон ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, суханронӣ карданд.

Сарони давлатҳои Русия Владимир Путин, Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва Ҳиндустон Нарендра Модӣ дар мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар мавзуъи Афғонистон ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Пас аз анҷоми кори ҳамоишҳои сатҳи олӣ аз руи натиҷаи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар мавзуъи Афғонистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: