То охири ҳафта дар пойтахти кишвар ҳавои офтобӣ дар назар дошта шудааст. Ба иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш ба қайд гирифта шудааст. Ҳаво аз 14 то 16 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва дар шарқи ин вилоят аз 6 то 11 дараҷа сард хоҳад шуд. Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар водиҳо аз 13 то 18 дараҷа ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 8 то 13 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ гардидааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад ва дар баъзе минтақаҳои алоҳида шиддатнокиаш аз 15 то ба 20 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо аз 6 то 11 дараҷа гарм хоҳад шуд. Ҳаво дар доманакӯҳҳо аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар водиҳо аз 11 то 16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 2 то 7 дараҷа гарм хоҳад шуд.
АМИТ «Ховар»