Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар аксар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳавои боронӣ дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, аз 21 то 23 март ҳавошиносон дар қаламрави мамлакат эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе минтақаҳо шиддатнок, раъду барқ ва боридани жоларо пешбинӣ менамоянд.
Дар ин рӯзҳо дар ҳамаи минтақаи ҷумҳурӣ ҳаво нисбатан салқин шуда, ҳарорати ҳаво 2-3 дараҷа поён мефарояд.
Интизор меравад, ки ҳарорати ҳаво рӯзона 14-22 ва шабона 5-12 дараҷа гарм шавад.
АМИТ «Ховар»