Дар иртибот ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар донишкада таҳти унвони «Рушди сайёҳии байналмилалӣ» ихтисоси нав ҷорӣ намояд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шукрулло Хайрзода дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Мавсуф зикр кард, ки дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз рӯи 37 ихтисос, ки самташон ба бахши иқтисод ва молия нигаронида шудаанд, барои бозори меҳнат мутахассисон омода гардонида мешаванд.
Ҳоло дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон наздик ба 7 ҳазор донишҷӯ дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуда, 1654 нафар тариқи буҷавӣ, 5281 нафар тариқи шартномавӣ ва 28 нафар донишҷӯ тавассути квотаи президентӣ таҳсил менамоянд.
АМИТ"ХОВАР"