Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти СуғдОғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд

ТВТ.09.08.2022. 9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ифтитоҳи иншооти нави таъйиноти гуногун иштирок намуда, бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин, истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, захираи озуқаворӣ шинос мешаванд ва бо аҳли заҳмату сокинони вилоят суҳбату мулоқотҳо анҷом медиҳанд.

Манбаъ: prezident.tj

Tags: