Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо барои мавсими «Ҳаҷ-2018»-ро муайян намуд, ки он 33 ҳазору 410 сомониро ташкил медиҳад.
Тавре аз Кумитаи мазкур хабар доданд, ба маблағи зикршуда хароҷоти чиптаи ҳавопаймо (рафту омад), иқомат ва будубош дар Маккаи мукаррама, таъмини ҳоҷиён бо се вақт хӯроки гарм дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо хӯрок дар мавзеъҳои Мино, Арафот ва Муздалифа, таъмини роҳбаладони соҳибтаҷриба ва забондон барои ҳар як гурӯҳ дар тӯли сафари ҳаҷ, иқомат дар Мино, Муздалифа ва Арафот дохил мешавад.
Ба иттилои манбаъ, пардохти маблағи қурбонии ҳоҷиён, таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён: Ҷидда – Макка – Мино – Арафот – Муздалифа – Мино – Макка – Мадина, пардохти маблағи ширкатҳои хизматрасон дар Арабистони Саудӣ, таъмини ҳоҷиён бо пизишкони баландихтисос дар мавсими ҳаҷ, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо бейҷикҳо, маълумотномаҳо ва китобчаҳо доир ба ҳаҷ, таъмини ҳоҷиён бо 5 л. оби зам-зам аснои бозгашт ба Ватан ва таъмини ҳоҷиён бо ҷузвдон низ ба маблағи мазкур дохил мешаванд.
АМИТ "Ховар"