ар Хуҷанд фаъолияти якчанд марказҳои дилхушӣ манъ гардиданд

22 октябр дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти якчанд марказҳои дилхушӣ, аз ҷумла «Хваканта», «Опера», «Амнизия», «Парламент», «Шоми Суғд», «Очил», «Ёсуман», «Барбарос» манъ карда шуд. Қарори мазкур аз ҷониби  сардухтури давлатии санитарӣ, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Таҳмина Усмонова баъд аз хулосаи маводи муоинашуда бароварда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, масъулини клубҳои шабона бо вуҷуди бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дастуру тавсияҳои Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории короновирусро иҷро накардаанд.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд фаъолияти чунин марказҳои дилхуширо дар шароити феълӣ барои саломатии шаҳрвандон хатарнок арзёбӣ намуда, аз мақомоти ҳифзи ҳукуқ даъват ба амал овардааст, ки ҷиҳати амалӣ шудани он мусоидат намоянд.

Ёдовар мешавем, ки зимни натиҷагирии фаъолияти нуҳмоҳаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода вазъи эпидемологӣ таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боздоштани фаъолияти марказҳои дилхушӣ бо мақсади эминии саломатии шаҳрвандон дастур дода шуд.

АМИТ  «Ховар»

Tags: