Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон

27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рӯзгори мардум, ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ, вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ, дидору мулоқот бо намояндагону фаъолон ва қишрҳои гуногуни аҳолӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: