Дар рӯзҳои таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон калонтарин корхонаи мурғпарварии «Мурғи Хуросон» мавриди баҳрабардории пурра қарор мегирад.
Дар ин бора муовини аввали раиси ноҳияи Хуросон Саидхӯҷа Карим иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, бунёди ин корхона дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Фахриддин Ҷӯрабеков дар масоҳати 22 гектар замин оғоз гардида, айни ҳол дар он корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён доранд.
«Дар марҳилаи аввал ин соҳибкор бо ворид кардани таҷҳизоти муосир се коргоҳи онро фаъол сохта, 15 ҳазор чӯҷа ворид ва парвариши онро дар дохили корхонаи сохташаванда оғоз бахшид ва дар дигар қисматҳои корхона корҳои созандагию бунёдкорӣ идома доранд. Тибқи лоиҳаи сохташаванда, бояд саршумори паранда ба 70-80 ҳазор сар расонида шавад»,- гуфт Саидхӯҷа Карим.
Зикр шуд, ки дар марҳилаи аввал зиёда аз 30 нафар сокинони маҳаллии Ҷамоати деҳоти Қизилқалъа ба кор ҷалб шуда, дар сурати пурра ба кор оғоз намудани корхонаи парандапарварии «Мурғи Хуросон»-и ноҳияи Хуросон 80 нафар бошандагон бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
АМИТ "Ховар"