Аз ҷониби Пешвои миллат ба сарбозони Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ зиёда аз 20 ҳазор дона туҳфаҳои солинавӣ расонида шуд

Дар арафаи Соли нави мелодии 2021 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сарбозони Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ва  қисмҳои низомии он зиёда аз 20 ҳазор дона туҳфаҳои гуногуни солинавӣ расонида шуд. Дар  ин бора  сардори маркази матбуоти вазорати мудофиа Фаридун Маҳмадализода ба АМИТ «Ховар»  хабар дод.

Туҳфаҳои солинавӣ асосан аз маводи хӯрокӣ,  аз қабили орд, равған, шакар, шириниҳои гуногун ва сабзавоту меваҷот иборат аст.

Ҳамзамон  туҳфаҳои солинавӣ аз номи Пешвои миллат ба оилаҳои ятимон ва бепарасторон, ки дар муассисаҳои таълимии Вазорати мудофиа таълим мегиранд, расонида шуд.

Ногуфта намонад, ки дар баробари расонидани туҳфаҳои солинавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо фармони вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қисмҳои низомии ин ниҳоди қудратӣ дастурхони идонаи солинавӣ  ороста  шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: