ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда мешавад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, саҳар дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда,  саҳар дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 11+16 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ борони бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12  ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 30+35  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, саҳар дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад.  Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 15+20 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 22 +27 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда,  рӯзона ҳавои камабри бебориш дар назар аст.   Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 17+19 ва  рӯзона 28+32 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: