22 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти «Меҳробод»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов Маркази нави саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои марказ 2-ошёна буда, аз 21 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои қабули мизоҷон, эмгузаронӣ, хуҷраи хатна, доругузаронӣ, таҳлилгоҳ, 10 ҳуҷраи табиби оилавӣ ва 3 ҳуҷраи ёрирасон иборат аст.
Сохтмони бинои муосири маркази саломатӣ моҳи октябри соли 2016 оғоз гардида, моҳи сентябри соли равон ба итмом расид.
Дар баробари бунёди Маркази саломатӣ он бо 85 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ, 6 намуд дастгоҳҳои хунуккунӣ, аз ҷумла яхдон барои нигоҳдории ваксинаҳо, ҷузвдон ва ғайра таъмин карда шуданд.
Ғайр аз ин дар доираи лоиҳаи бунёди маркази саломатӣ 31 номгӯй мебелҳои тиббӣ, мизу курсиҳо, рахти хоб, ҷевонҳо ва ғайра дастрас гардид.
Маркази саломатӣ асосан барои маҷмӯи хизматрасонии тиббӣ мусоидат карда, дар он 10 нафар табиб, 23 корманди миёнаи тиббӣ ва 2 корманди хурди тиббӣ бо шароити кории хуб таъмин карда шуданд.
Бинои маркази саломатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» бунёд шуд.