Сафири навтаъйини Афғонистон дар Тоҷикистон Залмай Юнусӣ нусхаҳои эътимодномаи худро ба Сироҷидин Аслов супорид

20 декабри соли 2016 Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Юнусӣ нусхаҳои эътимодномаи худро ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов тақдим намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо майли мутақобилро ҷиҳати таҳкими беш аз пеши ҳамкории созандаи ду кишвари ҳамҷавор дар ҳамаи заминаҳои мавриди эҳтимоми муштарак таъкид намуданд.
Атрофи мавзӯъҳои ҳамкории минтақавӣ ва роҳҳои фаъолтар кардани кори абзорҳои дуҷонибаи байнисоҳавӣ ва комиссияҳои ҳамкории байни вилоятҳои ҳаммарзи ду кишвар табодули назар сурат гирифт»,-зикр кард манбаъ.

 

Tags: