Обшавии пиряхҳо дар Ҳимолой ба 2 миллиард аҳолии Осиё таҳдид дорад

Обшавии пиряхҳо дар қаторкўҳҳои Ҳиндукуш дар Ҳимолой ба 2 миллиард аҳолии минтақаҳои Осиё таҳдид дорад.     Дар ин хусус «Bloomberg» бо истинод ба маълумоти тадқиқотии Маркази байналмилалии рушди маҷмуии кўҳҳо, ки дар Непал ҷойгир аст, иттилоъ дод.

Обшавии пиряхҳо метавонад боиси коҳишёбии минтақаи яхбастагии абадӣ гардад ва хатари ярчу обхезиро зиёд намояд. Тағйирёбии иқлим инчунин метавонад ба коҳиш ёфтани захираҳои оби тоза дар 12 дарёи минтақа ва гуногунии биологӣ дар камарбанди Ҳимолой байни Афғонистон ва Мянмар оварда расонад.

Илова бар ин, офатҳои табиӣ ба бехатарии озуқаворӣ ва имкони тавлиди қувва тавассути неругоҳҳои барқи обӣ таъсири манфӣ мерасонанд.

«Барои наҷот додани ин минтақаи муҳим ҳанӯз вақт аст, аммо танҳо ба шарте, ки аз ҳоло коҳиши босуръат ва амиқи партовҳо ба атмосфера оғоз карда шавад. Обшавии барф, пиряхҳо ва яхбастагии абадӣ маънои онро дорад, ки офатҳои табиӣ бештар ба амал омада, марговартару зиёновартар мешаванд», — гуфт муовини директори марказ Изабелла Козиелл.

Муаллифони тадқиқот муайян намудаанд, ки байни солҳои 2011 — 2020 пиряхҳо дар Ҳимолой нисбат ба даҳсолаи қаблӣ 65% бештар об шудаанд. Олимон ин равандро бо партовҳои зараровар аз манбаъҳои сунъӣ алоқаманд медонанд. Онҳо тахмин мезананд, ки агар ин тамоюл идома ёбад, пиряхҳои Ҳимолой то охири ин аср метавонанд то 80% ҳаҷми худро аз даст диҳанд.

Tags: