Нуъмон Абдуғаффорзода: Соли равон беш аз ним миллион сайёҳи хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намудаанд

Соли равон аз Тоҷикистон беш аз 550 ҳазор нафар  сайёҳи хориҷӣ боздид намуда, танҳо дар  баҳори Тоҷикистон ва ҷашни Наврӯз  зиёда аз 60 ҳазор нафар сайёҳон  ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо зебоиҳои нотакрори табиати Тоҷикистон ва фарҳанги пурғановати  мардуми тоҷик  шинос гардиданд. Ин матлабро зимни нишасти хабарӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма  Раиси Кумитаи  рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода баён дошт.

Мавсуф афзуд, ки ҳамзамон дар ин давра  дар мамлакат 26 ширкати нави сайёҳӣ  вориди бозори туристии Тоҷикистон гардиданд, ки дар маҷмӯъ теъдоди ширкатҳои сайёҳӣ дар мамлакат ба 180 адад расид. Аз ҷумла, алҳол дар Душанбе 90, Суғду Бадахшон мутаносибан 33 ширкати сайёҳӣ ва дар ноҳияҳои тобеи марказ 10 ширкати сайёҳӣ фаъолияти пурсамар доранд.

Абдуғаффор Нӯъмонзода ҳамзамон зикр кард, ки  соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дар радифи дигар қонунҳои аз ҷониби Парлумони мамлакат қабул гардида Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи  ҳунармандӣ»-ро  ба имзо расониданд. Он  заминаи устувор ва кафолатдиҳандаи  рушди ҳунармандӣ  буда, имкон медиҳад, ки  тадбирҳо ва барномаҳои нави соҳавӣ  барои рушди ҳунармандӣ  роҳандозӣ карда шаванд.

Тибқи қонуни мазкур,  масъалаҳои  зиёди соҳаи  ҳунармандӣ ҳал гардида, мақоми ваколатдори соҳа  муайян карда мешавад ва Шӯрои  ҳамоҳангсозии соҳаи ҳунармандӣ  таъсис дода мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: