Ноҳияи Дӯстӣ: Дарси сулҳи Рӯзи дониш дар бинои нави гимназия

Субҳи имрӯз дар ноҳияи Дӯстӣ бинои нави гимназияи давлатии № 1 ба истифода дода шуд. Хонандагони синфҳои болоии гимназияи мазкур минбаъд дарсҳои худро дар синфхонаҳои наву муосир мегузаронанд.
Тавре директори гимназияи № 1 ноҳияи Дӯстӣ Барно Одилова ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, бо ба истифода додани бинои нав акнун 150 нафар хонандагони синфҳои болоӣ дар як баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Синфхонаҳои таълимии забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва синфхонаи компютерӣ, инчунин синфхонаи таълими таърих ва ҳуқуқ бо асбобҳои таълимии муосир таҷҳизонида шуданд.
Дар маросими ифтитоҳи тантанавии бинои нави гимназия раиси ноҳияи Дӯстӣ Салоҳиддин Раҷабзода, менеҷери БР СММ дар вилояти Хатлон Абдуғанӣ Иброҳим ва роҳбарони идораҳои дахлдори ноҳия иштирок карда, зимни сухани табрикотӣ хонандагонро барои аз худ кардани донишҳои хубу аъло ва минбаъд омода будан барои хизмати шоиставу арзанда ба ватану миллати хеш даъват карданд.
Бояд гуфт, ки бинои нави гимназияи №1 ноҳия Дӯстӣ дар заминаи лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон- LITACA» бо дастгирии Ҳукумати Ҷопон ба маблағи 1 миллиону 160 ҳазор сомонӣ дар давоми 5 моҳ ба истифода дода шуд.

Tags: