Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва баландшавии ҳарорати ҳаворо пешгӯӣ менамоянд.
Аз 29 ноябр то 1 декабр дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво дар Суғд то 5-8 дараҷа, Хатлон 7-10 дараҷа, навоҳии тобеи марказ 6-9 дараҷа ва ВМКБ то 3-7 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нимаи дуюми имрӯз ҳаво дар сар то сари кишвар рӯ ба гармӣ меорад ва ҳарорати он аз 10 дараҷа боло мешавад.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, сардиҳои чанд рӯзи охир нишонаҳои аён аз худ боқӣ гузоштаанд. Як нишонаи он мавҷудияти яхпораҳо ва шӯшаҳои овезон дар бому бомгӯшаҳост. Захмҳо бар асари уфтодани шӯшаҳо ва якпораҳо ҳамеша хатарноканд ва мебояд тадбирҳои бехатариро дар ин маврид риоя кард.
Дар ҳамин иртибот кумита дар муроҷиат ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки зери лабгӯшаи боми хонаҳо, ки шӯшаҳо овезонанд, наистанд. Дар ин ҳолатҳо ба бозии кӯдакон диққати ҷиддӣ диҳанд. Ҳангоми мушоҳида кардани шӯшаҳо ва якпораҳои овезон дар бомгӯшаҳо кӯшиш кунанд, ки ташкилоти хизматрасонро огоҳ созанд. «Кормандони хизмати коммуналӣ маъмуранд, ки ба иттилои шумо вокуниш нишон диҳанд»,- афзуд манбаъ
Ҳамчунин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз зери деворҳои биноҳо бо эҳтиёт гузар кунанд:
Агар ҳангоми ҳаракат дар пиёдарав шумо садои шубҳаовареро шунидед, набояд дар ҷоятон қарор гирифта, ба боло нигоҳ кунед. Эҳтимол меравад ин лағзиши барф ё афтиши яхпораи бузургест. Дар ин ҳолат ё зуд бояд гузашт ва ё зуд худро ба танаи девор ҷафс кард, то ба шумо осеб нарасад.
Агар Шумо шоҳиди ин гуна ҳодисаҳо шудед, пас фавран ба хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба телефонҳои 223 13 11 ва 221 91 19 занг занед.
АМИТ «Ховар»