15-16 октябр, соати 10:00, дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Сайидо ва саҳми ӯ дар инкишофи забон ва адабиёти тоҷик» конференсияи байналмилалӣ доир карда мешавад.
Конференсия ба 400-солагии яке аз барҷастатарин симоҳои адабиёти қарни 17 ва 18 мелодӣ, суханвари бузург Сайидои Насафӣ, ки бо мероси пурқимат ва арзишманди адабӣ ва афкори баланди инсонии худ дар таърихи адабиёти ин давра мақом ва манзалати шоиста доштааст, бахшида мешавад.
Тавре аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамоиши илмӣ аз ду бахш-забон ва адабиёт иборат буда, тӯли ду рӯз донишмандони дохиливу хориҷӣ масъалаҳои Сайидо ва рушди забони адабии тоҷик дар асри XVII, ҳунари вожаофарии Сайидои Насафӣ, сабк ва дарунмояи ашъори Миробид Сайидои Насафӣ, аҳамияти тарҷумаҳолии ғазалиёти Сайидо ва дигар масъалаҳои марбут ба осори арзишманду афкори баландии инсонии ин суханвари бузургро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Дар конференсияи байналмилалӣ олимон ва намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Покистон иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи иҷлосияи 39 Конфронси генералии ЮНЕСКО номинатсияи 400-умин солгарди таваллуди шоир ва мутафаккири форсу тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ барои ворид гардидан ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2018-2019 қабул гардид.
Бахшида ба таҷлили 400-солагии ин шоири барҷаста дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои 2018-2019 баргузории барномаҳои гуногун, аз ҷумла, конфронсу семинарҳо, намоишҳо, суҳбату ҳамоиш ва барномаҳои ҳунарӣ дар назар аст.
АМИТ «Ховар»