Ҳайати Тоҷикистон дар Франсия масъалаи баргузории намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистонро дар Осорхонаи Гимеи Париж баррасӣ мекунад

9 октябр  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Шамсиддин Орумбекзода ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  Абдуҷаббор Раҳмонзода барои иштирок дар Конференсияи генералии ЮНЕСКО  ба Франсия рафтанд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар конференсияи генералии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж баргузор мегардад, суханронии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.

Ҳамчунин зимни ин сафар вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанги Франсия, инчунин роҳбарияти Осорхонаи Гимеи Париж ба нақша гирифта шудааст. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон, ки баҳори соли 2019 дар Осорхонаи Гимеи Париж доир мегардад, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

АМИТ "Ховар"