Дар доираи маъракаи «Тоҷикона мепӯшем» беш аз 500 духтар бо либоси миллӣ аз маркази Бохтар гузаштанд

Дар Бохтар бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар якҷоягӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон 21 апрел маъракаи «Тоҷикона мепӯшем» баргузор гардид. 

Бино ба иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, дар маъракаи мазкур сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода ва муовини раиси шаҳри Бохтар Наргис Қурбонзода ширкат варзиданд. Ҳадаф аз баргузории аксия таблиғи фарҳанг ва либоси миллӣ миёни  ҷавонон ва наврасон мебошад.

Дар он зиёда аз 500 нафар духтарон аз синфҳои болоии мактабҳои миёна ва донишҷӯёни шаҳри Бохтар ширкат варзиданд.Дар доираи маърака духтарон бо либоси миллӣ аз назди бинои маъмурии Бохтар то майдони 70-солагии водии Вахш роҳ рафтанд.

АМИТ«Ховар»

Tags: