Дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар 15 соли охир бори аввал ҳаҷми содироти нисбат ба воридот бештар шуд. Дар семоҳаи аввали соли 2021 содирот нисбат ба воридот ба маблағи 105 миллион доллари ИМА афзоиш ёфт. Дар ин бора имрӯз ба АМИТ «Ховар» дар Агентии омори назди Президенти ҶТ хабар доданд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан, ду сол пеш, ҳаҷми воридот нисбат ба содирот беш аз 3 баробар зиёд буд.
Ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ тақрибан 34 дарсад афзуда, ба 1, 79 миллиард доллар баробар шудааст.
Ҳаҷми маблағи содироти молҳо дар моҳҳои январ-марти соли равон 949,5 миллион долларро ташкил дод. Ин дар ҳолест, ки дар ин муддат ба кишвар дар ҳаҷми 844,5 миллион доллар молу маҳсулот ворид шудааст.
Тоҷикистон ба хориҷи кишвар асосан металлҳои қиматбаҳо, алюминий, семент, нахи пахта ва меваҳои хушк содирот мекунад. Дар семоҳаи аввали имсол ба ҷумҳурӣ бештар маҳсулоти нафтӣ ва ғалладона ворид гардидааст.
АМИТ «Ховар»