Ба истиқболи 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан сохтмони иншооти гуногун идома дошта, саҳми соҳибкорон низ дар бунёди иншооти иҷтимоӣ назаррас аст.
Соҳибкори шаҳр Хуршед Ҳамдамов тасмим гирифтааст, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Боғи калони шаҳри Истаравшан бинои нави таълимӣ сохта, барои ҳамдиёрони худ шароити мусоид фароҳам орад. Бинои мактаб дуошёна буда, барои 1200 хонанда пешбинӣ мешавад.
Дар шаҳри мазкур бо иштироки роҳбарияти вилояти Суғд дар маҳаллаи Шонатарошони Ҷамоати деҳоти Гули сурх пули мошингузар мавриди истифода қарор дода шуд. Пули мазкур дар болои сойи «Зарринрӯд» бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва соҳибкорони саховатпеша сохта шуда, паҳноии он 8 метрро ташкил медиҳад.
Дар идомаи сафар роҳбари вилоят бо ҷараёни сохтмони Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ шинос шуд. Лоиҳаи боғ бо фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан аз ҷониби ҶДММ «Кохи сафед»-и шаҳри Душанбе таҳия гардида, дар масоҳати қариб 3 гектар бунёд мешавад.
Дар айни замон корҳои сохтмонӣ идома дошта, тибқи лоиҳа, дар маркази боғ муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон- Шоҳ Исмоили Сомонӣ бунёд мегардад.
Дар шаҳри Истаравшан ҳамзамон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳакимияти давлатии вилояти Суғд дар хиёбони Исмоили Сомонӣ сохтмони қасри фарҳанги шаҳр барои 1000 ҷойи нишаст идома дорад.