Ба ҳолати 23 июн шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 9,1 миллион шуда, зиёда аз 474 ҳазор нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд ва тақрибан 5 миллион нафар беморон шифо ёфтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).
Тибқи маълумоти нави СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 138 975 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 3 880 сироятшуда фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 9 192 751 буда, теъдоди фавтидагон 474 445 мебошад.
Ҳамзамон аз лаҳзаи хуруҷи пандемия то имрӯз 4 939 422 нафар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.
Ёдовар мешавем, ки пандемия охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани музофоти Ҳубейи Чин бо ошкор гардидани аввалин ҳолатҳои илтиҳоби шуши пайдоишаш номаълум оғоз ёфт.
31 декабри соли 2019 мақомоти Чин дар бораи ин беморӣ СУТ-ро хабар кард.
30 январ СУТ хуруҷи коронавируси навро ҳамчун як ҳолати фавқулодаи тандурустии ҷомеаи байналмилалӣ эътироф намуд.
11 феврали соли 2020 ин маризӣ бемории нави коронавирус (COVID-19) номида шуд.
11 март СУТ хуруҷи сирояти коронавируси нави COVID-19-ро пандемия эълон намуд.
АМИТ «Ховар»