Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA 9 зина боло рафт

Дар раддабандии нави FIFA, ки дирӯз мунташир шуд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон 9 зина боло рафта, аз зинаи 140 ба 131 баромад. Ин нишондиҳанда баъди ғалабаи футболбозони мо дар ду бозии охиринашон бар дастаҳои мунтахаби Туркманистон(3:0) ва Афғонистон (1:0) ба даст омадааст. Миёни дастаҳои мунтахаби Осиё низ мавқеи Тоҷикистон беҳтар шуд ва дар зинаи 20-ум қарор дорад. Дар ин нишондод дар Осиё ҳамоно дастаи мунтахаби Эрон дар ҷои аввал (30-ум дар ҷаҳон), Кореяи Ҷанубӣ дуюм (37) ва Ҷопон дар зинаи сеюм (45) мебошанд.
Дар ҷаҳон мутаносибан дастаҳои мунтахаби Аргентина (1634), Бразилия (1544) ва Олмон (1433) се зинаи аввалро ишғол мекунанд.
Рейтинги FIFA аз соли 1993 инҷониб гузаронида шуда , имтиёзҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллии кишварҳо дар давоми чор сол дода мешаванд.
Натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби Тоҷикистон то ба имрӯз мақоми 106-ум дар моҳи июни соли 2013 мебошад.
Феҳристи нави FIFA 22 декабр ба нашр мерасад.

АМИТ «Ховар»

Tags: